[Ва низ] Паёмбаре [фиристода], ки оёти равшани Аллоҳро бар шумо мехонад, то касонеро, ки имон оварда ва корҳои шоиста анҷом додаанд, аз торикиҳо ба сӯйи нур берун оварад; ва ҳар кас ба Аллоҳ таоло имон оварад ва кори шоиста анҷом диҳад, [Аллоҳ таоло] ӯро ба боғҳое [аз биҳишт] ворид мекунад, ки аз зери [дарахтони] он ҷӯйборҳо ҷорӣ аст; ҷовидона дар он бимонанд. Ба ростӣ, Аллоҳ таоло ризқу рӯзиашро наку гардонидааст