Эй касоне, ки имон овардаед, ба сӯйи Аллоҳ таоло тавба кунед, тавбае холисона. Умед аст Парвардигоратон гуноҳонатонро аз шумо бизудояд ва шуморо ба боғҳое [аз биҳишт] ворид кунад, ки ҷӯйборҳо аз зери [дарахтони] он ҷорӣ аст. Дар рӯзе ки Аллоҳ таоло паёмбар ва касонеро ки ҳамроҳи ӯ эмон овардаанд хор намекунад. Нурашон пешопеши онон ба самти росташон дар ҳаракат аст, мегӯянд: «Парвардигоро, нури моро ба тамом [ва камол] бирасон ва моро биёмурз. Бе гумон, Ту бар ҳар чиз тавоноӣ».