Аллоҳ таоло барои касоне, ки кофир шудаанд, ҳамсари Нуҳ ва ҳамсари Лутро масал задааст, ки он ду дар никоҳи ду тан аз бандагони солеҳи Мо буданд, пас, ба он ду хиёнат карданд ва [он ду бандаи солеҳ] натавонистанд, чизе аз [азоби] Аллоҳро аз он ду [зан] дафъ кунанд ва [ба онҳо] гуфта шуд: «Ҳамроҳи воридшавандагони ба оташи [ҷаҳаннам шумо низ] ворид шавед»