Мо маъмурони дузахро фақат аз фариштагон қарор додем ва шумори онҳоро танҳо барои озмоиши кофирон муайян кардаем, то аҳли китоб яқин кунанд ва касоне, ки имон овардаанд, бар имони худ бияфзоянд ва аҳли китоб ва муъминон гирифтори шакку тардид нашаванд ва то касоне, ки дар дилҳояшон мараз аст ва [низ] кофирон бигӯянд: «Аллоҳ таоло аз ин масал [ва тавсиф] чи хостааст?». Бад-ин гуна, Аллоҳ таоло ҳар касро бихоҳад, гумроҳ месозад ва ҳар касро бихоҳад, ҳидоят мекунад ва [шумори] лашкариёни Парвардигоратро [касе] ҷуз Ӯ намедонад ва ин ҷуз панду андарзе барои инсонҳо нест