73. Бар қавми Самуд бародарашон Солеҳ (алайҳиссалом)-ро фиристодем. Гуфт: «Эй қавми ман, Аллоҳро бипарастед, шуморо ҷуз Ӯ ҳеҷ маъбуди барҳақ нест. Аз ҷониби Аллоҳ барои шумо нишонае ошкор омад. Ин модашутури Аллоҳ бароятон нишонаест. Раҳояш кунед, то дар замини Аллоҳ бичарад ва ҳеҷ осебе ба ӯ нарасонед, ки азобе дардовар шуморо фаро хоҳад гирифт.