17.      Шумо ононро намекуштед ба тавоноӣ ва қудрати худ, Аллоҳ буд, ки онҳоро мекушт бо ин ки шуморо бар куштани онҳо қодир гардонид.
Ва он гоҳ, ки рег ба сӯи онон андохтӣ, бар рӯи мушрикон бирасид, ту наяндохтӣ, балки Аллоҳ андохт то мӯъминонро хуб биозмояд ва ба василаи ҷиҳод ба болотарин дараҷаҳо бирасонад. Ва неъмати худашро бар онҳо шиносонад, то ки шукри Ӯро ба ҷо оранд. Албатта, Аллоҳ ба дуъо ва гуфтаҳое, ки пинҳон ё ошкор медоред, шунаво аст ва он чи дар он салоҳи бандагонаш аст, доност! (1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 13/448 ва тафсири Бағавӣ 3/339


الصفحة التالية
Icon