41. Ва бидонед, ки ончи (моле), ки ғанимат ёфтед аз кофирон ва он мол аз ҳар ҷинсе, ки бошад, пас аз панҷ як ҳиссааш аз они Аллоҳ ва паёмбар ва хешовандони Паёмбар (ки қабилаи Ҳошим ва Мутталибанд) ва ятимон, мискинҳо, мусофирон аст, агар имон овардед ба Аллоҳ ва Қуръоне, ки фиристодем ба бандаи худ (Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам) дар он рӯзе, ки ҷудо шуд ҳақ аз ботил ва рӯзе, ки ба ҳам омаданд он ду гурӯҳ (1) ва Аллоҳ бар ҳама чиз тавоност. (2)
____________________
1. Яъне, гӯруҳе аз мӯъминон ва гӯруҳе аз мушрикон
2. Тафсири Саъдӣ 1 \ 321


الصفحة التالية
Icon