48.    Ба ёд оред, вақте ки шайтон кирдори мушриконро дар назарашон биёрост ва барояшон гуфт: «Имрӯз аз мардум касе бар шумо пирӯз намешавад ва ман паноҳдиҳандаи шумоям». Вале чун ду гурӯҳ рӯ ба рӯ шуданд; мушрикон ҳамроҳи шайтон ва мӯъминон ҳамроҳи фариштагон шуданд. Ӯ (шайтон) бозгашту гуфт: «Ҳароина ман аз шумо безорам, дар ҳақиқат ман чизҳоеро мебинам, ки шумо намебинед, (яъне шайтон нишонаҳои пирӯзии мусалмононро бо мадади Аллоҳ аз тариқи фиристодани фириштагон
дид ва гуфт, ки) ман аз Аллоҳ метарсам, ки Ӯ ба сахтӣ уқубат мекунад шахсеро, ки ба Ӯ нофармонӣ кунад!» (1)
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 3/366


الصفحة التالية
Icon