70.   Эй Паёмбар, ба асироне, ки дар дасти шумо ҳастанд, бигӯ: «Агар Аллоҳ дар дилҳоятон нишони имон бубинад, беҳтар аз он моле, ки аз шумо гирифта шудааст, ба шумо хоҳад дод ва аз фазли хеш хайри фаровоне бароятон фароҳам менамояд ва гуноҳонтонро меомӯрзад ва шуморо дохили биҳишт менамояд ва Аллоҳ тавбакунандагонро омӯрзанда ва ба онҳо меҳрубон аст!». (1)
____________________
1. Тафсири Ибни Касир 4/93


الصفحة التالية
Icon