74.   Онон, ки ба Аллоҳ ва расулаш имон овардаанд ва тарки диёри худ (1) карда ҳиҷрат карданд ва дар роҳи Аллоҳ ҷиҳод кардаанд ва онон, (2) ки ҷояшон додаанд ва ёриашон кардаанд, ба ҳақиқат мӯъминонанд, омӯрзиши гуноҳон ва рӯзии некӯ дар ҷаннатҳои наъим аз они онҳост.
____________________
1. Аз Макка ба сӯи Мадина ҳиҷрат намуданд
2. Ансор, касоне ҳастанд, ки дар Мадина истиқомат мекарданд ва Расули Аллоҳ ва асҳобашро ҷой доданд. Тафсири Бағавӣ 3\379


الصفحة التالية
Icon