36.        Ҳамоно шумораи моҳҳо аз рӯи ҳукм ва тақдири Аллоҳ, дар китоби Аллоҳ, - аз он рӯз, ки осмонҳову заминро биёфарида, - дувоздаҳ аст. Чаҳор моҳ(1) моҳҳои ҳароманд.
Ин аст дини ҳақ. Дар он моҳҳо ба сабаби ҷангҳои ноҳақ бар хештан ситам макунед. Ва ҳамчунон, ки мушрикон ҳамагӣ ба ҷанги
шумо бархостанд, ҳамагӣ ба ҷанги онҳо бархезед. Ва бидонед, ки ҳамоно Аллоҳ бо парҳезгорон аст, ононро нусрат медиҳад ва пойдорашон мегардонад!
____________________
1. Муҳаррам, раҷаб, зилқаъда ва зилҳиҷҷа. (2) Тафсири Саъдӣ 1/ 336


الصفحة التالية
Icon