107.  Ва мунофиқон барои зиён расонидани мӯъминон ва куфр овардан ба Аллоҳ ва тафриқа афкандан миёни мусалмонон масҷиде(1) бино карданд, то ки баъзеашон дар он намоз гузоранд ва масҷиди Қуборо, ки дар он мусалмонон намоз мегузориданд, тарк намоянд. Ва масҷиди бинокардаашон
барои касоне, ки мехоҳанд бо Аллоҳу паёмбараш ҷанг кунанд, камингоҳе бошад Ва албатта, савганд мехӯранд, ки аз бинои ин масҷид ҳадафе ҷуз некӣ ва хайр надоштем. Вале Аллоҳ гувоҳӣ медиҳад, ки онҳо яқинан дурӯғгӯянд.(2)
____________________
1. Бо сардории Абуомир роҳиби фосиқ ба нияти бад масҷид бино карда шуд, то мӯъминон даста-даста пароканда шаванд ва ихтилоф пайдо кунанд. Ва Аллоҳ ба вайрон кардани он амр намуд. 2. Тафсири Табарӣ 14/470


الصفحة التالية
Icon