12. Ва чун ба одамӣ зараре расад, чи бар паҳлӯ хуфта бошад ва чи нишаста ё истода, Моро ба дуо мехонад. Ва чун он зарарро аз ӯ дур созем, боз ба мисли гузашта ба ширкаш давомат мекунад, чунон мегузарад, ки гӯё Моро барои дафъи он зараре, ки ба ӯ расида буд, ҳаргиз нахондааст. Аъмоли исрофкорон инчунин дар назарашон ороста шудааст.(1)
____________________
1. Тафсипи Табарӣ 15/37