15. Чун оёти равшани мо бар мушрикон тиловат шуд, онҳо, ки ба дидори Мо умед надоранд ва аз рӯзи ҳисоб наметарсанд ва имон ба рӯзи аз нав зинда шудан надоранд, гуфтанд: «Қуръоне ғайри ин Қуръон биёвар ё дигаргунаш кун!»(1) Бигӯ барояшон эй Паёмбар: «Маро нарасад, ки онро аз сӯи худ дигаргун кунам. Ҳар чӣ ба ман ваҳй мешавад, пайрави ҳамон ҳастам. Метарсам, ки агар ба Парвардигорам фармонбар нашавам, ба азоби он рӯзи бузург гирифтор оям».
____________________
1. Яъне, ҳалолашро ҳаром ва ҳаромашро ҳалол кун ва маъбудонамонро беайб гузор ва бузургонамонро бехирад маҳисоб. Тафсири Табарӣ 15\40