22. Ӯст, ки шуморо дар хушкӣ ва дар дарё сайр медиҳад. То он гоҳ ки дар киштиҳо ҳастанд ва боди мувофиқ ба ҳаракаташон меоварад, шодмонанд. Чун тӯфон фаро расад ва мавҷ аз ҳар сӯ бар онҳо резад, чунон пиндоранд, ки дар муҳосираи мавҷ қарор гирифтаанд, (яқин мекунанд, ки ҳалок мешаванд), Аллоҳро аз рӯи ихлос ва ягонагӣ бихонанд, ки агар моро аз ин хатар бираҳонӣ, ҳатман, аз шукргузорон хоҳем буд.