24. Масали зиндагии ин дунё чун боронест, ки аз осмон нозил кунем, то бар асари он ҳар гуна растаниҳо аз замин бирӯянд, аз он чи одамиён мехӯранд ва он чи чорпоён мечаранд. Чун замин ҳусни хеш баргирифт ва ороста шуд (бо гулҳову гиёҳ) ва аҳли замин пиндоштанд, ки худ қодир бар он ҳама будаанд, фармони Мо барои нобуд кардани набототи он ҳангоми шаб ё ба рӯз даррасад ва чунон аз бехаш барканем, ки гӯё дирӯз дар он макон ҳеҷ чиз набудааст. Оётро барои мардуме, ки меандешанд, инчунин тафсил медиҳем, то ки аз дунёву охираташон баҳравар шаванд.(1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1/361