27. Ва барои онон, ки муртакиби бадиҳо шаванд, ҷазои ҳар кори баде ба андозаи он хоҳад буд ва ононро дар рӯзи қиёмат хорӣ фаро хоҳад гирифт. Касе онҳоро аз азоби Аллоҳ нигаҳ намедорад, чунон шаванд, ки гӯё рӯяшон бо пораҳое аз шаби торик пӯшида шудааст. Инҳо аҳли ҷаҳаннаманд ва ҷовидона дар он ҳастанд.