32. Пас, он Аллоҳ, Парвардигори ҳақиқии шумост (яъне, Ӯ фақат мустаҳиқи ибодат аст), баъд аз ҳақиқат ҷуз гумроҳӣ чист? Пас, чӣ гуна аз ибодати Ӯ рӯй мегардонед, дар ҳоле ки Ӯ мустаҳиқи ибодат аст?(1)
____________________
1. Тафсири Ибни Касир 4/267