35. Бигӯ эй Паёмбар, барои инҳо мушрикон: «Оё аз ин шариконе, ки шумо ба Аллоҳ шарик сохтаед, касе ҳаст, ки ба ҳақ роҳ намояд?» Бигӯ барояшон: «Аллоҳ гумроҳро
ба ҳақ роҳ менамояд. Оё он Зоте, ки ба ҳақ роҳ менамояд ба пайравӣ сазовортар аст ё он касе, ки ба ҳақ роҳ намеёбад, магар ин ки ба ҳақ ҳидоят карда шавад? Пас шуморо чӣ шудааст? чӣ гуна ҳукм мекунед?»