45. Ва рӯзе, ки Аллоҳ он
мушриконро барои ҳисобу китоб дар маҳшар гирд оварад, чунон пиндорӣ,
(эй Паёмбар), ки танҳо дар қабрҳояшон ба миқдори соате аз рӯз дар дунё истодаанд, то якдигарро бишиносанд. Баъд аз он аз ҳавли даҳшати қиёмат соати шиносоӣ бурида мешавад. Онҳо, ки дидор бо Аллоҳро дурӯғ меҳисобанд, зиёндидаанд ва ҳидоятнаёфтагонанд!(1)
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 4\ 135