61.   Эй Расул, дар ҳар коре, ки бошӣ ва ҳар чӣ аз Қуръон бихонӣ ва ҳар амалеро, ки мекунед аз неку бад, Мо гувоҳ бар шумо ҳастем. Ва мувофиқи он амалҳоятон подошатон хоҳем дод ва бар Парвардигори ту ҳатто ба миқдори заррае дар замину осмонҳо пӯшида нест. Ва ҳар чӣ хурдтар аз он ё бузургтар аз он бошад, дар Китоби мубин(1) навишта шудааст.
____________________
1. Лавҳ-ул-маҳфуз: китобест, ки тақдири ҳама махлуқот дар он сабт шудааст.


الصفحة التالية
Icon