93. Албатта, банӣ Исроилро дар макони некӯе ҷой додем ва аз покиҳо рӯзияшон додем ва то он ҳангом, ки соҳиби дониш нашуда буданд, ихтилофе надоштанд.(1) Парвардигори ту дар рӯзи қиёмат дар он чӣ ихтилоф мекарданд, миёнашон ҳукм хоҳад кард!
____________________
1. Яъне, дар омадани паёмбари охири замон ихтилоф надоштанд, зеро сифатҳои ӯро дар китобашон меёфтанд. Чун паёмбар Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам ба паёмбарӣ мабъус гардид, баъзе имон оварданд ва баъзе кофир шуданд. Тафсири Табарӣ 15 \ 199