17. Оё он кас, ки аз ҷониби Парвардигори хеш далели равшане дорад ва дунболи вай гувоҳе аз ҷониби Парвардигори ӯ меояд (ва он Ҷабраил ё Муҳаммад алайҳимуссалом аст) ва пеш аз Қуръон ҳам китоби Мӯсо, ки худ пешвову раҳмате будааст, ба он гувоҳӣ додааст ва бо он кас, ки далеле надорад, баробар аст? Онҳо ба он китоби Қуръон имон меоваранд. Ва ҳар кӣ аз гурӯҳҳо ба Қуръон кофир шавад, ҷойгоҳаш дар оташ аст. Дар фуруд омадани Қуръон шак макун, эй Расул, ки ҳақ аст ва аз ҷониби Парвардигорат омадааст. Вале бешари мардум имон намеоваранд ва ба он чӣ фармуда шудааст, амал намекунанд! (Ва ин роҳнамуди ом барои уммати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам аст).(1)
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 4\167