40. Чун фармони Мо ба ҳалоки онҳо даррасид ва танӯр(1) ҷӯшид, гуфтем: Аз ҳар ҷинсе ду тан (нару мода) ва низ хонадони худро дар киштӣ савор кун, ғайри он касе(2), ки фармони ҳалоки онҳо пеш содир шудааст ва низ ҳамроҳ гир онҳоеро, ки бар ту имон овардаанд. ва ҷуз андаке ба ӯ имон наёварда буданд.(3)
____________________
1. Танӯри пухтупази нон, ки ҷӯшидани об аз он далолат бар омадани азоб мекунад. 2. Яъне, касе, ки ба Аллоҳ имон наовардаст монанди ҳамсараш ва яке аз писаронаш. 3. Тафсири Бағавӣ 4\176


الصفحة التالية
Icon