56.    Ман бар Аллоҳи якто, ки Парвардигори ман ва Парвардигори шумост, таваккал кардам. Ва ҳеҷ чизе намерасад маро, магар ба амри Ӯ ва бар ҳама чиз Ӯ тавоност. Ҳеҷ ҷунбандае, нест бар рӯи замин, магар Аллоҳ молики ӯст. Албатта, Парвардигори ман бар роҳи рост аст (яъне, дар қазо ва шариат ва амраш одил аст, некӯкорро бо некӯияш ва бадкорро бо бадиаш ҷазо медиҳад)!(1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 15\364


الصفحة التالية
Icon