61.    Ва бар қавми Самуд бародарашон Солеҳро фиристодем, Пас барояшон гуфт: «Эй қавми ман, Аллоҳи барҳақро бипарастед! Шуморо ҷуз Ӯ маъбуди барҳақе нест. Ӯст, ки шуморо аз замин падид овардааст ва шуморо дар замин зиндагонӣ(1) ва бақо дод. Пас, омурзиш хоҳед аз гуноҳонатон ва ба даргоҳаш бозгашта тавба кунед. Албатта, Парвардигори ман наздик аст барои шахсе, ки Ӯро бо ихлос ибодат мекунад ва дуоҳоро иҷобат мекунад!(2)
____________________
1. Умри дарозашон дод, ҳатто яке аз онон аз сесад сол то ҳазор сол умр медид. Тафсири Бағавӣ 4\ 185 2. Тафсири Бағавӣ 4\ 185


الصفحة التالية
Icon