74. Чун тарс аз Иброҳим дур шуд ва ӯро хушхабар омад, ки соҳиби фарзанд мешавад, бо фиристодагони Мо дар бораи қавми Лут ба баҳс бархост.(1)
____________________
1. Яъне, чун Иброҳим донист, ки фариштагон барои ҳалоки қавми Лут омадаанд, аз онон пурсид: Агар дар миёни кофирон панҷоҳ нафар мусулмон бошад ҳам ҳалокашон мекунед? Фариштагон гуфтанд: Не. Агар чиҳил мусулмон бошад чӣ? Фариштагон гуфтанд: Не. Дар охир Иброҳим гуфт: Агар як мусулмон бошад чӣ? Гуфтанд: Агар дар миёни кофирон як мусулмон ҳам бошад, ҳалокашон намекунем. Иброҳим гуфт: Ин тавр бошад, дар миёни онон Лут (алайҳис салом) ҳаст ку? Дар ин вақт фариштагон ба Иброҳим наҷоти Лут ва онҳоеро, ки ба ӯ имон овардаанд, фаҳмониданд. Тафсири Бағавӣ 4\ 190