78. Ва қавмаш шитобон назди ӯ омаданд ва онон пеш аз ин корҳои зишт (ливота) анҷом медоданд. Лут гуфт: «Эй қавми ман, инҳо духтарони ман(1) (яъне, духтарони уммати ман) ҳастанд, пас, онҳоро никоҳ кунед, ки барои издивоҷи Шумо покизатаранд. Аз Аллоҳ битарсед ва маро дар баробари меҳмононам бад макунед. Оё марди хирадманде дар миёни шумо нест?»(2)
____________________
1. Онҳоро ба духтарони худ нисбат дод, зеро ки ҳар як паёмбар дар қавми худ ба манзалаи падар аст. 2. Тафсири Бағавӣ 4\192