81. Гуфтанд (фариштагон): Эй Лут, мо фиристодагони Парвардигори ту ҳастем, фиристода шудаем, то ин ки қавматро ҳалок кунем! Инҳо ҳаргиз ба ту нахоҳанд расид. Чун қисме аз шаб бигзарад, хонадони хешро аз ин деҳа берун бибар. Ба ҳеҷ як аз шумо ба қафо нанигарад, ҷуз ҳамсарат, ки (кофира аст) ба ӯ низ он чӣ ба онҳо расад, хоҳад расид. Ваъдаи онҳо субҳгоҳ аст. Лут хост, ки зудтар ҳалокашон кунад, вале фариштагон гуфтанд: Оё субҳ наздик нест?(1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1\ 386 ва Табарӣ 15 \ 428