84.   Ва бар қабилаи Мадян(1) бародарашон Шуъайб (алайҳиссалом)-ро фиристодем. Гуфт: «Эй қавми ман, Аллоҳи якторо бипарастед, шуморо ҳеҷ маъбуди барҳақе ҷуз Ӯ нест! Ва дар паймонаву тарозу ҳаққи мардумро кам макунед! Ҳамоно, шуморо дар неъмат ва осудагӣ мебинам. Ва ба сабаби кам карданатон дар паймонаву тарозу аз рӯзе, ки азобаш шуморо фаро гирад, метарсам.(2)
____________________
1. Қабилаи машҳуре аст, ки дар поёнгоҳи замини Фаластин зиндагӣ мекарданд. Тафсири Саъдӣ 1\ 387 2. Тафсири Табарӣ 15\443


الصفحة التالية
Icon