87. Гуфтанд: «Эй Шуъайб, оё намозат ба ту фармон медиҳад, ки мо он бутҳоеро ки падаронамон мепарастиданд, тарк кунем ё дар амволи худ ончунон ки худ мехоҳем, тасарруф накунем? Ба ростӣ ту марди бурдбору хирадманд ҳастӣ (лек аз ин сухан мақсадашон истеҳзо буд ва мегуфтанд, ки ту беақл ҳастӣ).(1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 15\450