92.   Гуфт (Шуъайб): Эй қавми ман, оё қабилаи ман дар назди шумо аз Аллоҳи барҳақ болотару гиромитар аст? Оё Аллоҳро пушти сар қарор медиҳед ва аз Ӯ наметарсед ва қудрату иззати Вайро бузург намедоред? Ҳол он ки Парвардигори ман бар ҳар коре, ки мекунед, онро иҳота дорад. Ҳамаи амалҳои бандагонашро медонад ва мувофиқи он ҷазо медиҳад!(1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 15\461


الصفحة التالية
Icon