123. Ва аз они Аллоҳ аст илми ғайби(1) осмонҳову замин ва ба сӯи Ӯ ҳамаи корҳо бозгардонда мешавад рӯзи қиёмат. (Эй Паёмбар) Ӯро бипараст ва бар Ӯ таваккал кун, ки Парвардигори ту аз он чӣ ба ҷой меоваред (аз амалҳои неку бадатон, ки мувофиқи он шуморо ҷазо медиҳад), ғофил нест!(2)
____________________
1. Яъне, илми он чизе, ки аз мардум пинҳон аст. 2. Тафсири Саъдӣ 1\392