19. Ва ҷамоате аз мусофирон омаданд; пас обкаши худро фиристоданд. Сатилро обкаш дар чоҳ(1) фурӯ кард, ки Юсуф дар гӯшае аз қаъри чоҳ қарор дошт, пас худро ба таноби сатил овезон кард, чун соҳиби сатил ӯро дид, зебоияш ӯро дар тааҷҷуб даровард ва гуфт: «Муждагонӣ, ин навҷавонест». Обкаш бо
шарикони худ Юсуфро аз боқимондаи мусофирон чун матоъе пинҳон сохтанд ва Аллоҳ ба коре, ки ба Юсуф мекарданд, огоҳ буд.(2)
____________________
1. Чоҳе дар сарзамини Байтулмуқаддас, ки макони он маълум аст. 2. Тафсири Табарӣ 15\3