24. Ва ба таҳқиқ он зан қасди ӯ кард. Ва агар бурҳони(1) Парвардигорашро намедид, ӯ низ қасди он зан мекард. Чунин кардем, то бадӣ (хиёнати сайид ё мавло) ва беҳаёиро аз ӯ дур созем. Чунки Юсуф аз бандагони покиза ва ихтиёркардаи Мо буд!
____________________
1. Қавли аксари муфассирон ин аст, ки Юсуф сурати Яъқубро дид, ки бо ӯ мегуфт: Эй Юсуф, амали бехирадонро мекунӣ, ҳол он ки ту дар зумраи паёмбарон китобат шудаӣ! Тафсири Бағавӣ 4\232