31. Пас, чун (зани Азиз) ғайбат ва суханони бадашонро шунид, наздашон кас фиристод ва меҳмоние тартиб дод ва барои пӯст кардани мева ба ҳар яке корде дод ва гуфт: «Берун ой, то туро бингаранд». Чун Юсуфро диданд, бузургаш шумурданд ва аз ҳусну ҷамоли ӯ дасти хеш бибуриданд ва гуфтанд: «Маъозаллоҳ, ин одамизода нест, балки фариштае бузургвор аст!»(1)
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 4\237