36. Ва ду ҷавон низ бо ӯ ба зиндон афтоданд. Яке аз он ду гуфт: Дар хоб худро дидам, ки ангур мефишорам, то шароб гардад. Дигаре гуфт: Худро дидам, ки нон бар сар ниҳода мебарам ва парандагон аз он мехӯрданд. Моро аз таъбири он огоҳ кун, ки ҳамоно, мо туро мебинем, ки ибодати Аллоҳро ба хубӣ анҷом медиҳӣ ва бо мардум некӯкорӣ мекунӣ.(1)
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 4\241