42. Ва Юсуф ба яке аз он ду нафаре, ки медонист, наҷот меёбад, гуфт: «Қиссаи маро назди хоҷаи худ ёд кун, ки ман мазлумам ва бегуноҳ ба зиндон афтодаам!» Аммо шайтон қиссаи Юсуфро(1) аз хотираш дур кард, ки пеши мавлояш аз қиссаи ӯ ёд кунад ва Юсуф (алайҳиссалом) чанд сол дар зиндон бимонд.
____________________
1. Ибни Аббос ва аксари муфассирон мегӯянд: Шайтон аз хотири Юсуф ёди Парвардигорашро фаромӯш кунонд, вақте ки халосиро аз ғайри Ӯ хост ва ёрдам аз махлуқ талабид. Тафсири Бағавӣ 4\244