51. (Подшоҳ) гуфт: «Эй занон, чӣ гуна буд ин кори шумо, ки Юсуфро ба назди худ хондед, ӯ хоҳиши нафси шумо кард ё шумо хоҳиши нафси ӯ кардед?» Гуфтанд: «Маъозаллоҳ (паноҳ бар Аллоҳ)! Надидем аз ӯ ҳеҷ хиёнате, вале зани Азиз ба мо хабар дод, ки ӯ Юсуфро ба худ хондааст». Зани Азиз иқрор шуда гуфт: «Акнун ҳақ ошкор шуд. Ман хостам Юсуфро, вале ӯ худро аз ин амал боз дошт, албатта, ӯ дар зумраи ростгӯён аст дар суханоне, ки мегӯяд!»(1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 16\139