65. Ва чун бори ҳудро бикушоданд, сармояи худро ёфтанд, ки ба онҳо бозгардонида шудааст. Гуфтанд: «Эй падари мо, беш аз ин чӣ мехоҳем?! Ин сармояи мо аст, ки ба сӯи мо бозгардонида шудааст. Пас, бозравем ва барои хонаводаҳои худ озуқа оварем; бародари худро нигаҳбонӣ кунем ва бори як шутур зиёда орем; ва ба даст овардани ин бор бароямон осон аст".