98. Гуфт Яъқуб (алайҳиссалом): «Ба зудӣ аз Парвардигорам барои шумо омурзиш(1) хоҳам хост, ҳамоно Ӯ омурзандаи гуноҳи бандагон ва бар тавбакунандагон меҳрубон аст!»
____________________
1. Аксари муфассирон гуфтанд, ки Яъқуб алайҳиссалом дуоро ба охири шаб таъхир кунонд, зеро он вақтест, Аллоҳ ба осмони дунё фуруд меояд ва мегӯяд: кист, ки дуо кунад, то дуояшро иҷобат намоям. Пас, Аллоҳ дуояшро қабул кард, аз гуноҳҳони ӯ ва фарзандонаш даргузашт. Тафсири Бағавӣ 4\217