100. Падару модарро бар тахт баровард ва ҳама (падару модар ва ёздаҳ бародар) дар баробари Юсуф барои ҳурмату эҳтиром(1) ба саҷда даромаданд. Гуфт "Эй падар, ин аст таъбири он хоби ман, ки ба таҳқиқ, Парвардигорам онро рост
баровард. Ва чӣ қадар ба
ман некӣ кардааст, он гоҳ ки
маро аз зиндон бираҳонид
ва пас аз он, ки шайтон
миёни ману бародаронам
фасод карда буд, шуморо
аз бодия ба ин ҷо овард.
Парвардигори ман ба ҳар чӣ ирода кунад, санҷида, дақиқ анҷом медиҳад, ки Ӯ донову ҳаким аст!(2)
____________________
1. Мурод аз саҷда кардан, ниҳодани пешониҳо бар рӯи замин нест, балки сар хам кардан ва фурӯтанӣ аст, ё гуфта шудааст, ки дар дини онҳо саҷда кардан ҷоиз буд, вале бо зуҳури ислом саҷда карданро дар назди инсон ҳаром гардонд. Тафсири Бағавӣ 4\200 2. Тафсири Ибни Касир 4\412


الصفحة التالية
Icon