31. Агар Қуръоне мебуд, ки ба сабаби он кӯҳҳо равон карда мешуд ё ба сабаби он замин пора-пора мешуд ва дарёҳо равон карда мешуд, ё ба сабаби он мурдагон ба сухан дароварда шаванд низ имон намеоваранд, балки ҳамаи корҳо дар дасти Аллоҳ аст. Оё мӯъминон ҳанӯз надонистаанд, ки агар Аллоҳ мехост, ҳамаи мардумро ҳидоят мекард (бидуни мӯъҷиза)? Ва кофиронро пайваста ба сабаби аъмолашон мусибате (ба монанди куштор ё ба асири афтодан) расад, ё он ҳодиса дар наздикии хонаҳояшон фуруд меояд, то он гоҳ ки ваъдаи Аллоҳ расад, зеро Аллоҳ хилофи ваъда намекунад!(1)
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 4\320