33. Оё он зоте, ки бар ҳамаи мардум ва аъмолашон нозир аст, монанди бутон аст? Барои Аллоҳ онон аз рӯи нодониашон шариконе қарор доданд, ки онро ибодат мекунанд. Бигӯ эй Паёмбар: «Ном ва сифатҳои он бутонро зикр кунед ва намеёбед дар сифатҳояшон чизеро, ки ононро лоиқи ибодат гардонад. Оё Аллоҳро аз он чи ки дар замин огоҳ нест, хабар медиҳед, ё ба суханони беҳуда фирефта мешавед?» Балки дар назари кофирон шайтон амалашонро зиннат дода ва онҳоро аз роҳи рост бероҳа кардааст. Ва ҳар киро Аллоҳ гумроҳ кунад, ҳеҷ роҳнамое надорад!
____________________
(1) Тафсири Табарӣ 16\462