6. Ва ёд ор барои қавмат, эй Паёмбар, қиссаи Мӯсоро ва онгоҳ ки Мӯсо ба қавми худ гуфт: «Неъматеро, ки Аллоҳ бар шумо арзонӣ доштааст, ба ёд оваред, он гоҳ ки шуморо аз фиръавниён наҷот дод. Ба сахтӣ озоратон мекарданд ва писаронатонро мекуштанд ва занонатонро зинда мегузоштанд ва дар ин аз ҷониби Парвардигоратон барои шумо озмойиши бузурге буд».(1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 16\523


الصفحة التالية
Icon