10. Паёмбаронашон гуфтанд: «Оё дар зоти Аллоҳ ва яктопарастии Ӯ, ки офаринандаи осмонҳову замин аст, шакке ҳаст? Шуморо даъват мекунад, то гуноҳонатонро биёмурзад ва то муддати муайян шуморо зинда гузорад ва дар дунё азобатон накунад». Гуфтанд: «Шумо ба ҷуз одамӣ, монанди мо каси дигар нестед. Мехоҳед моро аз он чӣ падаронамон мепарастиданд, боздоред ва дар ҳақиқат будани он чи ки мегӯед барои мо далеле равшан биёваред!»(1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1\422