22.      Чун кор ба поён ояд(1), шайтон гӯяд: «Аллоҳ ба шумо омадани рӯзи қиёматро ваъда дод ва ваъдаи Ӯ дуруст буд ва ман низ ба шумо ваъдаи нусрат додам, вале ваъдаи худ хилоф кардам. Ва бароятон ҳеҷ далелу бурҳоне наёвардам, ҷуз он ки ба куфру гумроҳӣ даъвататон кардам, шумо низ даъвати маро иҷобат кардед, пас маро маломат макунед, худро маломат кунед зеро гуноҳ, гуноҳи шумост. На ман фарёдраси
шумоям аз азоби Аллоҳ, на шумо фарёдраси ман. Аз ин ки маро пеш аз ин дар дунё шарики Аллоҳ карда будед, безорам». Зеро барои ситамкорон азобест дардовар!(2)
____________________
1. Вақте ки биҳиштиён ба биҳишт ва дӯзахиён ба дӯзах дароянд. 2. Тафсири Тафбарӣ 16\561


الصفحة التالية
Icon