26. Ва мисоли сухани нопок (куфр) чун дарахти нопок(1) аст, ки реша дар замин надорад ва барпо натавонад монд. Ҳамчунин сухани куфри кофир ва маъсияташ устувор нест ва дар вай хайр вуҷуд надорад ва амалҳояш ба сӯи Аллоҳ боло намераванд ва аз он чизе қабул намешавад.(2)
____________________
1. Ба мисли дарахти ҳанзал, ки таъмаш нохуш ва решаҳояш қариб аст аз рӯи замин ва асли он устувор нест ва шохаҳои баланд надорад. 2. Тафсири Ибни Касир 4\494