26. Дар ҳақиқат пеш аз мушрикон ахли куффор низ бар паёмбаронашон ва барои рад кардани он чи аз даъвати ҳақ оварда буданд, ҳилаву найрангҳоро ба кор бурданд. Пас, фармони Аллоҳ даррасид ва он биноҳояшонро аз поя вайрон сохт ва сақф аз болои сарашон фурӯ афтод ва азоби Аллоҳ аз ҷое, ки фикрашро намекарданд, ба онон расид, балки гумони он доштанд, ки комилан дар амонанд.(1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1\438