36. Ва ба таҳқиқ дар миёни ҳар миллате паёмбаре фиристодем, ки Аллоҳро бипарастед ва аз тоғут(1) дурӣ ҷӯед. Баъзеро, ки Аллоҳ ҳидоят кард, ки илман ва амалан пайрави паёмбарон буданд ва бар баъзе гумроҳӣ муқаррар гашт, ки онон пайрави роҳи гумроҳӣ буданд. Пас, дар замин бигардед ва бинед, ки оқибати кори касоне, ки паёмбаронро ба дурӯғ нисбат медоданд, чӣ гуна будааст.(2)
____________________
1. Ҳар чизе, ки ғайр аз Аллоҳ парастиш карда мешавад; аз шайтон, бут, мурдаҳо ва ғайра. 2. Тафсири Саъдӣ 1\440